Идомаи ҷиноят зидди мусалмонони Руҳингия дар Миёнмор
Шуморе аз мусалмонони руҳингияӣ ҳини фирор аз саркӯби низомиёни миёнморӣ дар рӯдхонаи Наф, воқеъ дар марзи муштарак бо Бангладеш ҷон бохтанд.
Бар асоси эъломи расмии Горди марзии Бангладеш, ҳадди ақал 11 кӯдаку 15 зани мусалмони миёнморӣ дар ин ҳодиса ҷон бохтанд. Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид низ эълом кард, беш аз 2600 хонаи мутааллиқ ба мусалмонони Руҳингия дар вилояти Рохин, ғарби Миёнмор тавассути артиши ин кишвар ба оташ кашида шудааст. Бинобар гузориши Комиссараиати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) низ дар пайи ташдиди хушунатҳои хунин ҳудуди 60 ҳазор мусалмони руҳингияӣ ба Бангладеш гурехтааст.
Даври ҷадиди хушунатҳои хунин зидди мусалмонони Руҳингия пас аз иқдоми ахири Артиши Миёнмор дар гусели нерӯҳои худ ба вилояти ғарбии Миёнмор оғоз шуд. Ба рағми эътирозҳои маҳофили сиёсӣ дар мавриди паёмадҳои он Ҳукумати Миёнмор муддаӣ буд, ин нерӯҳо барои таъмини амнияту муҳофизат аз мусалмонони Руҳингия ба минтақа эъзом шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бори дигар собит шуд, низомиёни Миёнмор худ омили хушунату куштори мусалмонони Руҳингия ҳастанд, ки абъоди пинҳону ошкори зиёде дорад. Бархе аз мусалмонони руҳингияӣ бар асари шиллики мустақим ва ё хушунатҳои хунини буддоиёни ифротӣ кушта мешаванд ва бархе дигар низ бо вожгун шудани қаиқашон, ё гуруснагӣ ва овора шудан дар ҷангалу баҳр кушта мешаванд. Ҳол он ки баъд аз иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Миёнмор интизор мерафт, ҳукумати ин кишвар барои ҳалли мушкили мусалмонони Руҳингия низ иқдом кунад. Зеро маҳз Ҳукумати Миёнмор бо надодани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба онон заминаи куштору азор ва азияташонро фароҳам мекунад. Мерри Лал, устоди Донишгоҳи Ҳайделберги Олмон, коршиноси масоили Миёнмор гуфт: "Бо анҷоми ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ дар Миёнмор ҳарчанд вазъи молии ҷамъияти шаҳрӣ беҳтар шудааст, аммо вазъи сокинони манотиқи рустоӣ ва атрофи шаҳр на танҳо беҳтар нашуд, балки шароити сахтеро барои бисёре аз ақаллиятҳо барои ҳифзи хонаву кошонаашон фароҳам кард".
Даври тозаи хушунатҳои хунин зидди мусалмонони Руҳингия дар ҳоле идома дорад, ки маҳофили ғарбӣ ба далели нигаронӣ аз вокуниши манфии Ҳукумати Миёнмор ва аз байн бурдани имтиёзоти иқтисодӣ дар чорчӯби ислоҳот ҳамчунон сукут кардаанд. Маҳофили ғарбӣ дар ҷое, ки манофеи иқтисодӣ доранд ва тасаллут бар кишваре, ки аз мавқеияти роҳбурдӣ дар минтақа бархурдор аст, ҳамвора бар таври сатҳӣ ва ҳатто авомфиребона ба ҳуқуқи башар аҳамият зоҳир мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Рамзи Борвуд, рузноманигори фаластинитабори сокини Вашингтон гуфт, баъд аз лағви таҳримҳои Миёнмор Ғарб фурсати муносибе ёфтааст, то аз манобеи табиии ин кишвар истифода кунад ва ин амр барои кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ҳуқуқи башар тарҷеҳ дода мешавад. Ба ҳамин далел онҳо дар баробари куштори мусалмонон дар Миёнмор сукут карда, танҳо ба дунболи манофеи иқтисодии худ дар ин кишвар ҳастанд.
Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад, танҳо кишварҳо ва маҷомеи исломӣ метавонанд бо иттихози мавзеи қотеона монеъ аз идомаи ҷиноёти низомиёни тундрав ва буддоиёни ифротӣ зидди мусалмонони Руҳингия шаванд. Дар ин миён тардиде нест, Малайзия ва Индонезия ба унвони кишварҳои мусалмони узви Иттиҳоди Кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё, ки Миёнмор низ узви он аст, аз масъулияти сангинтаре барои маҳори хушунатҳои зидди мусалмонони Руҳингия бархурдоранд.