Сентябр 04, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Чин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолиро маҳкум кард

Чин озмоиши бомбаи ҳидрогении Кореяи Шимолиро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз- душанбе дар баёнияе эълом кард, озмоиши ахири Кореяи Шимолӣ манофеу амнияти Чинро ба хатар меандозад ва Пхенян набояд бо ин гуна озмоишҳо ба амнияти минтақа латма бизанад.

Чин бори дигар аз Кореяи Шимолӣ хост, музокироти шашҷонибаи шомили кишварҳои Русия, Чин , Амрико, Ҷопон ва ду Кореяро, ки аз соли 2008 то кунун мутаваққиф шудааст, аз сар гирад.

Кореяи Шимолӣ пештар гуфта буд, кишварҳое, ки аз сиёсатҳои хасмонаи Амрико пайравӣ мекунанд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист роҳи пешрафтҳои атомӣ ва низомии Пхенянро бигиранд ва идомаи ин роҳ онҳоро пушаймон хоҳад кард.

Кореяи Шимолӣ бомдоди якшанбе як бомбаи ҳидрогениро озмоиш кард, ки қобилияти насб бар рӯйи мӯшакҳои қорапайморо дорад.

Артиши Кореяи Ҷанубӣ дар вокуниш ба ин озмоиш субҳи имрӯз ҳамла ба сайтҳои ҳастаии Кореяи Шимолиро дар қолаби як размоише шабеҳсозӣ кард.

Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, мушакҳои сатҳ ба сатҳ ва мушакҳои баландбурди ҳаво ба замини шилликшуда аз ҷангандаҳои “Ф-15” ба диққат ба ҳадафҳои озмоишӣ дар баҳри Ҷопони Шарқӣ исобат кард.

Танишҳо дар нимҷазираи Корея дар ҳафтаҳои ахир бо афзоиши ҷанги лафзӣ миёни раиси ҷумҳурии Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ шиддат ёфтааст.

 

Барчасп