Путин: Танҳо роҳи ҳалли буҳрони нимҷазираи Корея музокира аст
(last modified Wed, 06 Sep 2017 12:53:30 GMT )
Сентябр 06, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
  • Путин: Танҳо роҳи ҳалли буҳрони нимҷазираи Корея музокира аст

Раиси ҷумҳурии Русия танҳо роҳи ҳалли буҳрони нимҷазираи Кореяро дипломатия ва музокира донист.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн, Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав, дар дидори Мун Ҷеин, раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ гуфт, танҳо роҳи ҳалли буҳрони нимҷазираи Корея дипломатия ва музокира аст.

 Ду тараф дар ин дидор ҳамчунин хостори халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея шуданд.

Путин сипас дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои Кореяи Ҷанубияш гуфт, барои ҳалли буҳрони нимҷазираи Корея сирфан эъмоли фишор ва ҷорӣ кардани таҳрим кофӣ нест ва набояд бо ин буҳрон бархурди эҳсосӣ шавад.

Путин таъкид кард, бояд аз ҳар гуна иқдоме, ки танишҳоро афзоиш медиҳад ва сиёсиву дипломатӣ нест, худдорӣ шавад, вагарна ҳалли ин буҳрон ғайримумкин хоҳадбуд.

 Раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ низ гуфт, Сеул ва Маскав бояд дар бораи буҳрони нимҷазираи Корея бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Вай ҳамчунин хостори ин шуд, ки ба Кореяи Шимолӣ иҷоза дода нашавад, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.