Сентябр 07, 2017 18:02 Asia/Dushanbe

Як зани аҳли Кореяи Шимолӣ пас аз озмоиши атомии ахири Пхенян, таваҷҷуҳи корбарони интернетиро ба худ ҷалб кардааст.

Ба гузориши “Индепендент”, ҳар замон, ки Пхенян як хабари муҳиммро ба иттилои ҷаҳониён мерасонад, на чеҳраи раҳбари Кореяи Шимолӣ, балки чеҳраи хонум Рй Чун Ҳӣ, гӯяндаи хабари кӯҳнакор ва пурсобиқаи ин кишвар бар сафҳаи телевизион зоҳир мешавад.

Рй Чун-Ҳи 74 сола ҳамвора ҳангоми эъломи хабарҳои муҳимми Кореяи Шимолӣ, як либоси сурат (гулобӣ- розовый )-ии суннатӣ ба тан дорад ба ҳамин сабаб ба ӯ лақаби “бонуи гулобипӯш” додаанд. Вай муддатҳо аст, ки бознишаста шуда, аммо ҳар замон, ки лозим аст, хабарҳои муҳимми давлатӣ ба иттилои ҷаҳониён бирасад, ӯ ба сари кори худ бозмегардад.

Ин гӯяндаи мавриди алоқаи Ким Ҷунг Ун, рӯзи якшанбе сеюми сентябр низ аз макони номушаххас, хабари тозатарин озмоиши муваффақиятомези атомии ин кишвар -озмоиши бомб термоҳастаи–ро ба иттилои мардуми ҷаҳон расонд.

Рй Чун-Ҳи соли 1971 барои нахустинбор дар телевизион зоҳир шуд ва беш аз чиҳил сол аст, ки бо ҳузур дар телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ ва бо садои расои худ ба маҳкум кардани душманони ин кишвар, эъломи хабарҳои марбут ба озмоишҳои ҳастаии Пхениян ва шарҳи зиндагии се насл аз раҳбарони Кореяи Шимолӣ пардохтааст.

Ба Рй Чун-Ҳӣ, «садои Кореяи Шимолӣ» низ лақаб додаанд.

Дар ин гузориш ба нақл аз як коршиноси масоили Пхенян омадааст, бозгашти Рй Чун-Ҳи ба гӯяндагии хабарҳои муҳимми Кореяи Шимолӣ тасодуфӣ нест ва як паём аз ҷониби Ким Ҷунг Ун аст, ки нишон медиҳад, раҳбари Кореяи Шимолӣ қасд дорад, идологияи замон ипадарбузургашро муҷаддадан дар ин кишвар ҷорӣ кунад.