Сентябр 09, 2017 18:06 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозомези мусулмони Индонезия дар ҳимоят аз мусулмонони Руҳингиё

Ҳазорон тан аз мардуми мусулмони Индонезия дар эътироз ба ҷиноёти зидди мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор, дар яке аз масоҷиди ин кишвар таҷаммӯъ карданд.

Ҳазорон тан аз мусулмонон Индонезия, асри рӯзи ҷумъа дар ҳимоят аз мусулмони Руҳингиё, ки солҳост дар Миёнмор мавриди озор қарор мегиранд, бо таҷаммӯъ дар масҷиди Ал Нур хостори поёни хушунат, алайҳи мардуми Руҳингиё шуданд.

Гурӯҳҳои исломии Индонезия барномарезӣ карда буданд, ин тазоҳурот ва таҷаммӯъро дар буддоиҳо дар Ҷоваи Марказӣ баргузор кунанд, ки бо мамониати пулис мувоҷеҳ шуданд.

Дар пайи ҳамалоти 25 августи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонон Руҳингиё, дастикам 400 тан кушта шуданд ва беш аз 300 ҳазор руҳингиёӣ ба Бангладеш паноҳ овардаанд.

Куштори мусулмонони Руҳингиё аз суи давлат ва буддоиёни Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп