Сентябр 09, 2017 18:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз сукути Арабистон дар қиболи қатли омми мусулмонони Миёнмор

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовамат гуфт, мунтасаб набудани мусулмонони Миёнмор ба ваҳобият, иллати сукути Арабистон дар қиболи қатли омми онҳо ба дасти артиши Миёнмор аст.

Шайх Моҳир Ҳамуд, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муқовамат, дар хутбаҳои намози ҷумъаи масҷиди Қудс, дар Сайдои Лубнон бо маҳкум кардани ҷиноёти зидди мусулмонони Миёнмор таъкид кард, оворагӣ ва наслкушӣ дар Миёнмор воқеияте аст, ки ҳеҷ кас наметавонд онро мункир шавад, аммо бархе кишварҳои исломӣ ва соири кишварҳои ҷаҳонро сукуте мутлақ фаро гирифтааст.

Шайх Моҳир Ҳамуд бо фоҷиаомез хондани тасовири мунташир шуда аз қатли омми мусулмонони Руҳингиё тасреҳ кард, ин тасовир боиси барангехтани эҳсосоти мусулмонон дар кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё хоҳад шуд ва паёмадҳои баде ба думбол хоҳад дошт.

Вай гуфт, муттаассифона бархе ба думболи роҳандозии ҷанг байни мусулмонон ва буддоиҳо дар шарқи Осиё ҳастанд, то ин кишварҳо низ ҳамонанди Ироқ ва Сурия тахриб шаванд.

Аз ду ҳафта пеш бо оғози мавҷи ҷадиди хушунатҳои бесобиқа дар Рохини Миёнмор, беш аз 6 ҳазор нафар дар ҳамлаи артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ кушта ва 8 ҳазор нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Куштори мусулмонони Руҳингиё аз суи давлат ва буддоиёни Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

 

 

Барчасп