Сентябр 11, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Рози оёти Қуръон дар кулоҳхуди фармондеҳи русии қарни 13 милодӣ

Дар кулоҳхуди Александр Невский, фармондеҳи сипоҳи русии қарни 13 милодӣ, ки дар набард сарнавиштсоз дар замистони соли 1242 муваффақ ба шикасти артиши Шветсия шуда буд, оёте аз Қуръон навишта шудааст.

Ба гузориши сойти “Maxpark.com”, ҳамакнун ин кулоҳхуд дар мӯзеи таърихии Кохи Керемл дар Маскав нигаҳдорӣ мешавад, ки рӯйи он ояи 13 сураи муборакаи “Саф”: «Насрум миналлоҳӣ ва фатҳунқариб ва баширил муъминина» (ёрии Худо ва пирӯзӣ наздик аст ва муъминонро башорат деҳ) ҳак шудааст.

Муаррихони русӣ мегӯянд, иллати ҳак шудани ин оя, рӯйи кулоҳхуди ин фармондеҳи русӣ, ҳузури сарбозони мусулмон дар сипоҳи вай будааст.

Сипоҳиёни рус дар замистони соли 1242 дар набарди шадид, рӯйи дарёчаи яхбастаи Чуд, дар шимоли Русия бо пирӯзӣ бар артиши шоҳи вақти Шветсия аз нуфузи ин кишвар ба дохили қаламрави Русия, ки таҳти султа Урдуи заррин ё хонҳои Муғул буд, ҷилавгирӣ карданд.

Ба гуфтаи таърихнигорон ҳузури сарбозони мусулмон дар сипоҳи ин фармондеҳи рус мӯҷиб шуд, ки ба дархости онон оёти ёдшудаи Қуръони карим рӯйи кулоҳхуди Александр Невский ҳак шавад ва дар ин набарди сарнавиштсоз аз Худованди ягона барои пирӯзӣ бар артиши шоҳи вақти Шветсия дархости ёрӣ намоянд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин кулоҳхудро солҳои баъд Михаил Романов, муассиси императории Романовҳо дар Русия барсар мегузошт, ки акнун дар мӯзеи таърихии Кохи Керемл, дар Маскав нигаҳдорӣ мешавад.