Сентябр 16, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Трамп бори дигар Кореяи Шимолиро таҳдиди низомӣ кард

Раиси ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд, ин кишвар аз тавони “муассиру кӯбанда” барои посухи низомӣ ба таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ бархӯрдор аст.

Ба гузориши шабакаи амрикоии Эй Би Си Нюз, Доналд Трамп дирӯз бо маҳкум кардани озмоиши мушакии ҷадиди Кореяи Шимолӣ гуфт, Вашингтон омодаи посухи низомӣ ба ин иқдом аст.

Трамп муддаӣ шуд, беш аз ҳар замони дигар итминон дорад, гузинаҳои Вашингтон барои муқобила бо таҳдиди Кореяи Шимолӣ муассиру кӯбанда ҳастанд.

Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа як фарванд мушаки болистикии миёнбурдро шиллик кард, ки коршиносон онро таҳдиди амалии пойгоҳи низомии Амрико дар ҷазираи Гуам арзёбӣ карданд.

Як мақоми аршади низомии Амрико ҳам ба рӯзномаи бритониёии Телеграф гуфт, пойгоҳи низомии Амрико дар Гуам ба осонӣ дар дастраси мушакҳои Кореяи Шимолӣ аст.

Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ бомдоди рӯзи шанбе гуфт, ки ҳадафи Пхенян расидан ба навъе мувозинаи қувваҳо бо Амрикост то мақомҳои Вашингтон ҷуръати таҳдиди низомии Кореяи Шимолиро надошта бошанд.

 

Барчасп