Сентябр 17, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
  • Истидлоли дурӯғи навмуҳофизакорони амрикоӣ алайҳи тавофуқи ҳастаӣ

Намояндаи собиқи Конгресси Амрико, истидлоли навмуҳофизакорон алайҳи тавофуқи ҳастаии Эронро дурӯғи бузург хонд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, рон пул намояндаи собиқи Конгресси Амрико гуфт, истидлол ва мавзеъгирии навмуҳофизакорони амрикоӣ ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико алайҳи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 як дурӯғи бузург аст.

Рон Пол, ки се давра намояндаи Маҷлиси намояндагони Амрико будааст, баъд аз ин ки Доналд Трамп, Эронро ба нақзи рӯҳи БАРҶОМ муттаҳам кард, гуфт, Трамп доиман бо Эрон бавижа бо тавофуқи ҳастаӣ хусуматварзӣ мекунад.

Рон Пол афзуд, тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 рӯйдоди мусбат ва таъсиргузор дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Рон Пол таъкид кард, ин идея, ки эрониҳо аз қавонин табаият намекунанд, дӯрғе беш нест.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳ 5+1 ( Русия,Чин, Биритониё, Фаронса, Амрико ва Олмон ), аз январи 2016 иҷроӣ шудааст ва давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар масири иҷрои БАРҶОМ монеатарошӣ мекунад.

 

Барчасп