Асорати даҳҳо зани афғон аз сӯи ДИИШ дар Афғонистон
Сентябр 17, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
Даҳҳо зани афғон аз сӯи гурӯҳи терроистии ДИИШ дар устони Ҷузҷон, дар шимоли ин кишвар дар асорати ин гурӯҳ ҳастанд.
Аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ин 35 зани афғонро дар моҳи гузашта дар устони Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон рабуданд.
Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, афроди бонуфуз ва ришсафедони маҳаллӣ барои озодии занони ба асорат гирифта аз сӯи ДИИШ талош мекунанд.
Дар моҳҳои ахир манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Кобул-пойтахти ин кишвар саҳнаи ҳамалот ва инфиҷорҳои террористӣ аз сӯи гурӯҳи ДИИШ будааст, ки бар асари он садҳо нафар кушта ва ё маҷрӯҳ шудаанд.
Барчасп