Сентябр 19, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Оворагони Миёнмор: Аун Сан Су Ҷи дурӯғ мегӯяд

Сокинони урдугоҳи оворагон дар Кутупалонги Бангладеш мегӯянд, ҳама он чӣ Су Ҷи ба мардумаш ва ба ҷаҳониён гуфт, дурӯғ буд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии APTN, сокинони урдугоҳи оворагони Руҳингиё дар Кутупалонги Бангладеш суханронии имрӯзи Аун Сан Су Ҷӣ дар бораи шароит дар иёлати буҳронзадаи Рохинро дурӯғ донистанд.  Абдулҳофиз, яке аз сокинони урдугоҳи оворагон дар Кутупалонг гуфт: «Ҳама он чӣ Су Ҷи ба мардумаш ва ба ҷаҳониён гуфт, дурӯғ буд, агар дурӯғ нест, ба расонаҳои ҷаҳон иҷоза диҳанд, ба Рохин бираванд ва бо чашми худ бубинанд, ки оё мардум дар он ҷо шиканҷа мешаванд, ё хушҳоланд». Абдулҳофиз афзуд, ба хотири шиканҷа шудан дар Монгдов буд, ки мардум ба Бангладеш гурехтанд. Саноуллоҳ, яке дигар аз оворагони сокини ин урдугоҳ низ гуфт: «Қабл аз ба қудрат расидани Су Ҷи мо дар сулҳу оромиш зиндагӣ мекардем. Пас аз озодии Су Ҷи аз зиндон ва ташкили ҳукумат озору шиканҷаи руҳингиёиҳо низ оғоз шуд». Саломатуллоҳ низ дар робита ба иддаои Су Ҷи, ки гуфта буд, бештари мусалмонони Рохин аз маҳалли сукунати худ нагурехтаанд, гуфт: «Ин суханон ҳама дурӯғ аст, зеро агар онҳо низ метавонистанд аз марз бигурезанд, чунин корро мекарданд, аммо наметавонанд, чунки муҳосира шудаанд».

Аун Сан Су Ҷи рӯзи сешанбе дар суханронии худ муддаӣ шуд, бештар мусалмонони сокини Рохин дар саломату амният ҳастанд.