Радди иддаои амрикоиҳо дар бораи ҳамкории ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ
(last modified Wed, 20 Sep 2017 12:21:08 GMT )
Сентябр 20, 2017 17:21 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои амрикоиҳо дар бораи ҳамкории ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержӣ атомӣ гуфт, ҳамкории ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ чизе беш аз овоза нест.

Рӯзномаи амрикоии “Вол Стрит Журнал” навишт, Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар вокуниш ба овозапарокании бархе мақомҳои амрикоӣ дар бораи ҳамкории ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ гуфт, ҳамкории ҳастаии Теҳрону Пхенян беасос аст ва ожонс ба овозаҳо вокуниш нишон намедиҳад.

Гузориши Конгресси Амрико низ, ки феврали соли 2016 мунташир шуд, таъкид дорад, далеле дар бораи тиҷорат ё ҳамкории ҳастаӣ байни Теҳрону Пхенян вуҷуд надорад.

Бархе афроди вобаста ба ниҳоде ба номи Бунёди дифоъ аз демократия ва  афроде назири Ҷон Болтон, сафири собиқи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид саъй кардаанд овозаи ҳамкории ҳастаии Эронро бо Кореяи Шимолӣ нашр диҳанд.

 Ожонси байналмилалии энержии атомӣ 31-уми август дар тозатарин гузориши фаслии худ бори дигар таъкид кард, Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ пойбанд будааст.