Сентябр 26, 2017 20:18 Asia/Dushanbe
  • Хушҳолии Ҳиллари Клинтон аз расвоии домоди Трамп

Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016-и Амрико гуфт, расвоии ахири Ҷаред Кушнер дар истифода аз имейли шахсияш барои корҳои идорӣ нишондиҳандаи ду рӯйи ҳукумати Трамп аст.

Рӯзномаи “Ҳаффингтон пост” навишт, ифшои истифодаи Ҷаред Кушнер, домод ва мушовири аршади Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз имейлҳои шахсӣ барои умури корӣ беш аз ҳар кас мӯҷиби хушҳолии Ҳиллари Клинтон, номзади шикастхӯрдаи Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 шуд.

Клинтон муддати тӯлонӣ бо расвоии истифода аз имейлҳои шахсӣ барои умури идорӣ дар раёсаташ дар Вазорати умури хориҷии Амрико даст ба гиребон буд. Раисҷумҳури кунунии Амрико дар корзори интихоботӣ борҳо аз ин мавзӯъ барои зарба задан ба Клинтон истифода карда, ӯро ба далели бетаваҷҷуҳӣ ба масоили амнияти дохилӣ фарди ношоиста барои раёсатҷумҳурии Амрико донист. Трамп ҳатто ваъда дода буд, агар раисҷумҳури Амрико шавад, Клинтонро ба далели истифода аз имейлҳои шахсӣ барои умури идорӣ ба зиндон мефиристад. Ӯ пас аз расидан ба раёсатҷумҳурӣ аз ин мавзӯъ сарфи назар карда гуфт, аз зиндонӣ кардани рақиби собиқаш чашм мепӯшад.

 

Барчасп