Октябр 01, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури Афғонистон ба ибратгирӣ аз қиёми Имом Ҳусейн

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ба ибратгирӣ аз наҳзати Ошӯро ва қиёми Имом Ҳусейн таъкид кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ имрӯз ба муносибати Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузур дар масҷиди “Имоми замон”-и минтақаи Хайрхонаи Кобул гуфт: “Муқовимати мо дар баробари тавтеаҳо ва парда бардоштан аз аҳдофи шуми тафриқаафканон намунае аз қиёми Имом Ҳусейн аст. Раисҷумҳури Афғонистон афзуд, вафодорӣ ба ормонҳои Имом Ҳусейн талаб менамояд, суфуфи худро мунсаҷимтар, дастҳоро маҳкамтар ва дилҳоро амиқтар аз ҳамеша ба якдигар пайванд диҳем”.

Ашраф Ғанӣ тасреҳ кард, Афғонистон намунаи хубе аз ҳамзистии мазоҳиби исломист, ки ба рағми талошҳои мукаррари душманон ҳеҷ рахнае миёни мардуми ин кишвар ба вуҷуд наомадааст, аносири хушунатталабу фурсатталаб, ки дар пайи доман задан ба эҳсосоти танишолуд миёни пайравони мазоҳиб ҳастанд, ҷое дар миёни мардуми Афғонистон надоранд. Ӯ афзуд, агар дирӯз Имом Ҳусейн ва ёрони бовафояш дар майдони Карбало дар муқобили Шимр, Язид ва Ибни Зиёд истода, ба хотири ормонҳои бузурги хеш ҷоми шаҳодат нӯшиданд, имрӯз фарзандони Афғонистон дар суфуфи нерӯҳои амниятию дифоӣ бо ҳамон тааҳҳуд муқобили террористҳо меразманд ва барои дифоъ аз мардуми худ қурбонӣ медиҳанд.

 

Барчасп