Ҷонибдории 90 дарсади каталонҳо аз истиқлол аз Испания
(last modified 2017-10-02T07:20:26+00:00 )
Октябр 02, 2017 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷонибдории  90 дарсади каталонҳо аз истиқлол аз Испания

Сухангӯи давлати маҳалли Каталонияи Испания эълом кард, ҳудуди 90 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсии ҷанҷолии рӯзи якшанбе ба истиқлоли ин минтақа раъй доданд.

   Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”,  Jordi Turull, сухангӯи давлати маҳаллии Каталония гуфт, дар ҳамапурсии истиқлоли Каталония аз Испания, ду миллиону 260 ҳазор нафар ширкат карданд, ки ду миллиону  20 ҳазор нафар бо истиқлол мувофиқ буданд.

  Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати маҳаллии Каталония низ якшанбе шаб пас аз баргузории ин ҳамапурсӣ, дар нутқи телевизионӣ гуфт, дар рӯзҳои оянда натиҷаи ҳамапурсиро ба парлумони Каталония хоҳад фиристод, то дар бораи он тибқи қонун амал шавад.

   Қонуни ҳамапурсии минтақаи Каталония пешбинӣ кардааст дар сурате, ки аксарияти мардум раъй ба ҷудоӣ аз Испания бидиҳанд, парлумони ин минтақа ба сурати якҷонба эъломи истиқлол кунад.

  Ин дар ҳоле аст, ки додгоҳи Қонуни асосии Испания пештар баргузории ҳамапурсии ҷудоиро ғайриқонунӣ эълом карда буд.

  Мариниа Рахой, нахуствазири Испания низ рӯзи якшанбе билофосила пас аз итмоми замони баргузории ҳамапурсии истиқлол, мардуми Каталонияро фиребхӯрда хонд.

  Дар бархе марокизи раъйгирӣ, неруҳои зидди шӯриши Испания бо раъйдиҳандагон даргир шуданд, ки ин даргириҳо ба захмӣ шудани 844 нафар мунҷар шуд.

  Тибқи Қонуни асосии Испания, ин кишвар таҷзиянопазир аст.

  Иёлати Каталония солҳо аст барои истиқлол аз Испания талош мекунад.