Октябр 02, 2017 15:46 Asia/Dushanbe

Мақомҳои пулиси Амрико эълом карданд, тирандозӣ дар шаҳри Лас Вегас 20 кушта ва беш аз 100 захмӣ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, пулиси Амрико эълом кард, дар тирандозии бомдоди душанбе дар ҷашнвораи мусиқӣ дар ҳутели “Mandalay Bay”-и Лас Вегас, 20 нафар кушта ва беш аз сад нафар низ захмӣ шуданд.

Пулис эълом кард, фарди муҳоҷимро, ки аз табақаи 32 ҳутел ба рӯйи ҳозирон оташ гушуда буд, бо гулӯла ҳадаф қарор дода ва куштааст.

Пулиси Лас Вегас аз мардум хостааст, аз маҳалли ҳодиса фосила бигиранд.

Пулис муҳоҷимро яке аз афроди маҳаллии Лас Вегас муаррифӣ карда, ки гумон намеравад иртиботе ба ҳеҷ як аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дошта бошад.

Парвозҳои вуруд ва хурӯҷӣ  дар фурудгоҳи байналмилалии Лас Вегас мутаваққиф шудааст.

Пулиси Лас Вегас воҳидҳои хунсокунандаи бомбро низ барои баррасии як бастаи машкук ба маҳалли ҳодиса дар ҳутели “Mandalay Bay” эъзом кардааст.

 

Барчасп