Октябр 02, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Раддипои Исроил дар наслкушии мусулмонони Мянмар

Рӯзномаи исроилии Haaretz навишт: Исроил дар наслкушии мусулмонони роҳингияӣ ба дасти артиши Мянмар нақш дорад.

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ изъон дошт, дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои шимолӣ ирсоли силоҳ ба Мянмарро мутаваққиф кардаанд, режими Исроил ҳамчунон ба артиши Мянмар барои шиканҷа ва қатли оми мусулмонони роҳингияӣ кумак мекунад .

Ин рӯзнома бо ишора ба савобиқи Исроил дар фурӯши силоҳ ба кишварҳое, ки ба поксозии қавмӣ мепардозанд, тасреҳ кард: Исроил дар даҳаи 1990 ба ҷарёни наслкушии давлатҳои Руанда ва Сербия силоҳ фурӯхтааст .

Генерал Мин Аун Ҳлаинг, фармондеҳи кулли артиши Мянмар сентябри 2015 бо сафар ба Исроил, бо ширкатҳои муҳими тавлиди аслиҳаи исроилӣ гуфтугӯ карда буд.  

Бар асоси оморҳои эъломшуда, дар натиҷаи ҳамалоти артиши Мянмар ба мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахин, воқеъ дар ғарби ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта оғоз шудааст, беш аз шаш ҳазор мусулмони роҳингияӣ кушта, дастикам ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва беш аз 500 ҳазор нафар ба Бангладеш фирор кардаанд .

 

Барчасп