12 ҳазор амрикоӣ - қурбонии даргириҳои мусаллаҳона
Раҳбари демократҳо дар маҷлиси Амрико хушунатҳои мусаллаҳона дар кишварашро як эпидемияи дарднок тавсиф кард ва гуфт, ки хушунатҳо фақат имсол ҷони 12 ҳазор амрикоиро гирифтааст.
Ба гузориши ИРНА, Нэнси Пелоси дар вокуниш ба тирандозӣ дар Лас Вегас дар баёнияе ин воқеаро бесобиқатарин куштори дастҷамъона дар таърихи муосири кишвараш хонда ва ташкили кумитаи вежае барои расидагӣ ба масъалаи хушунатҳои мусаллаҳона ва ёфтани роҳҳо барои муқобила бо онро хостор шудааст.
Дар баёнияи Пелоси омадааст : Ин хушунатҳо рӯзона камаш ҷони 90 нафар аз мардуми Амрикоро мегирад; ба тавре, ки имсол дар 273 маврид аз тирандозиҳои ҷамъӣ беш аз 12 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Раҳбари демократҳои маҷлиси Амрико ҳифозат аз ҷони мардум ин кишварро вазифаи Конгресс дониста ва афзудааст: Қонунгузорони ин кишвар бояд ба дур аз ҷиҳатгириҳои сиёсӣ бо шаҳомат ва тасмимгирии қотеъ барои хотима додан ба чунин фоҷеаҳо муттаҳид шаванд.
Дар ҳамин ҳол идораи таҳқиқоти полиси федералии Амрико ба рағми иддаои гурӯҳи ДИИШ дар бораи пазируфтани масъулияти тирандозии маргбор дар Лас- Вегас эълом кард, ки омили ин кушторҳо иртиботе бо гурӯҳҳои террористии байналмиллалӣ надоштааст.
Пештар хабаргузории Аъмоқ вобаста ба ДИИШ муддаӣ шуда буд, ки омили ҳамла ба консерти Лас-Вегас чанд моҳ пеш ба ин гурӯҳ пайваста буд.
Стефен Падок якшанбе аввали октябри 2017 ба вақти маҳаллӣ аз табақаи сидувуми як бино ба сӯи беш аз 30 ҳазор нафаре, ки барои ширкат дар як ҷашнвораи мусиқии маҳаллӣ гард омада буданд, тирандозӣ кард.
Ин тирандозӣ то кунун камаш 58 кушта ва беш аз 515 захмӣ доштааст.
Полис гуфта, ки ин шахси мусаллаҳ худкушӣ кардааст.