Октябр 03, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Шарти Миёнмор барои бозгашти оворагони Руҳингиё

Ҳукумати Миёнмор барои мувофиқат ба бозгашти оворагони руҳингиёӣ ба ин кишвар шарт таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Вин Миат Ае (Win Myat Aye), вазири рифоҳи иҷтимоӣ, имдод ва сокин кардани Миёнмор дар Кумитаи иҷроияи Ожонси паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева гуфт, оворагони руҳингиёӣ танҳо таҳти унвони паноҳҷӯ метавонанд ба Миёнмор бозгарданд. Ӯ гуфт: “Бо итминони комил амнияти касонеро, ки ба унвони паноҳҷу таъйид мешаванд, дар Миёнмор тазмин мекунем”. Вазири рифоҳи иҷтимоӣ, имдод ва сокин кардани Миёнмор, ки дар ғарби кишвараш наслкушии мусалмонон идома дорад, афзуд, авлавияти фаврӣ ва баъдии Ҳукумати Миёнмор бозгардонидани оворагоне аст, ки ба Бангладеш гурехтаанд. Ӯ гуфт, раванди ростиозмоии оворагон бар асоси тавофуқномаи ҳукуматҳои Миёнмору Бангладеш дар соли 1993 хоҳад буд.

Саркӯби густурдаи мусалмонони Руҳингиё дар иёлати Рохин, ғарби Миёнмор ба дасти артиш ва буддоиёни ифротии ин кишвар, ки аз 25-уми августи гузашта шурӯъ шудааст, то кунун шаш ҳазор кушта, ҳашт ҳазор маҷрӯҳ ва беш аз ним миллион овора бар ҷой гузошта, ки ба Бангладеш гурехтаанд.