Октябр 04, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо Трамп

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар паёмҳои ҷудогона ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, куштори мардум дар Лас-Вегасро таслият гуфтанд.

Дар паёме, ки дафтари итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир карда, омадааст: “Хабари захмӣ ва кушта шудани шумори зиёде аз шаҳрвандон бар асари иқдоме золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико боиси андӯҳ шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худ ба наздикони қурбониёни ин ҳодиса, барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро хостор шудааст.

Раиси ҷумҳурии Русия низ дар паёме куштори шаҳрвандони амрикоӣ дар Лас-Вегасро ба хонаводаҳои қурбониён ва Доналд Трамп таслият гуфт.

Владимир Путин дар ин паём гуфтааст: “Ҷинояте, ки ҷони даҳҳо тан аз шаҳрвандонро гирифт, бисёр такондиҳанда буд”.

Раиси ҷумҳурии Русия бо бастагони хонаводаҳои кушташудагон ибрози ҳамдардӣ ва барои захмишудагон орзӯи беҳбудӣ кард.

Бар асари тирандозии як марди миёнсоли амрикоӣ дар ҷашнвораи мусиқӣ дар Лас-Вегас 59 тан кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ шуданд.

Созмони террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт, вале полиси федералии Амрико эълом кард, ки ин тирандозӣ ҳеч иртиботе бо ДИИШ надоштааст.