Кадом кишварҳо метавонанд ҷаҳонро нобуд кунанд? (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24311-Кадом_кишварҳо_метавонанд_ҷаҳонро_нобуд_кунанд_(видео)
9 кишваре, ки кулоҳакҳои ҳастаӣ дар ихтиёр доранд, метавонанд ҷаҳонро ба нобудӣ бикашонанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2017 11:09 Asia/Dushanbe

9 кишваре, ки кулоҳакҳои ҳастаӣ дар ихтиёр доранд, метавонанд ҷаҳонро ба нобудӣ бикашонанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, сойти “Information is Beautiful” дар мақолае бо такя ба омори дақиқ ва расмӣ навиштааст, як миллион кулоҳаки ҳастаӣ барои нобудии кулли ҷаҳон ниёз аст, ки имрӯз ҳеҷ кишваре ин теъдод кулоҳакро надорад, аммо бархе кишварҳо бо кулоҳакҳои ҳастаӣ, ки дар ихтиёр доранд, метавонанд осеби зиёде ба ҷаҳон ворид кунанд.

Бар асоси ин гузориш, Русия бо беш аз ҳафт ҳазор кулоҳак ва Амрико бо шаш ҳазору 800 кулоҳаки ҳастаӣ тавоноии ворид кардани бештарин осебро ба башарият доранд.

Фаронса, кишваре, ки дар зеҳни бисёре маҳди сулҳ аст, низ 300 кулоҳак ҳастаӣ дорад.

Ҳамчунин Чин 260, Англия 215, Покистон 130, Ҳинд 120, режими саҳюнистӣ 80 ва Кореяи Шимолӣ 10 кулоҳаки ҳастаӣ дорад.

Аз миёни ин кишварҳо, токунун Амрико аз бомби ҳастаӣ дар ҷанги бо Ҷопон истифода кардааст.

Кулоҳаке, ки Амрико дар Хиросима Ҷопон истифода кард, аз навъи “Little boy” (писари кӯчак) буд, аммо кулоҳакҳои имрӯзи Амрико аз навъи “b83” аст, ки қудрати вайронгарии он бовар карданӣ нест.