Октябр 11, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори ду бомбафкани Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ

Амрико аз истиқрори ду бомбафкани “B-1B”-и худ дар Кореяи Ҷанубӣ барои муқобила бо таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, фармондеҳии артиши Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ин бомбафканҳо сешанбешаб ба ҳамроҳи ҷангандаҳои ҷопонӣ ва Кореяи Ҷанубӣ бар фарози нимҷазираи Корея ба парвоз даромаданд.

Кохи Сафед низ шаби гузашта эълом кард, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо тими амнияти миллии ин кишвар роҳҳои муқобила бо Кореяи Шимолӣ, аз ҷумла истифода аз силоҳҳои ҳастаиро баррасӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Кореяи Шимолӣ дар баёнияе ба Амрико ҳушдор дод, дар сурате ки ин кишвар пойгоҳи тозатаъсиси худ дар наздикии шаҳри Сеулро ҳадафи баҳрабардорӣ қарор диҳад, нерӯҳои артиши Кореяи Шимолӣ, низомиёни амрикоиро дар ин минтақа ҳадаф қарор хоҳад дод.

Хабаргузории ИРНА гузориш дод, Кореяи Шимолӣ дар баёнияе таъкид кардааст, нерӯҳои артиши ин кишвар қодиранд низомиёни амрикоиро дар пойгоҳи урдӯгоҳи низомии “Ҳумфри”, дар наздикии Пюнгток, дар 70 километрии ҷануби шаҳри Сеул (пойтахти Кореяи Ҷанубӣ) ба таври дақиқ ҳадаф қарор диҳанд.

Дар ин баёния омадааст, низомиёни артиши Кореяи Шимолӣ барои нобудии ин пойгоҳи амрикоӣ танҳо мунтазири судури фармони Ким Чен Ин, раҳбари ин кишвар ҳастанд.

Амрико, ки нақши зиёде дар афзоиши танишҳо дар нимҷазираи Корея дорад, борҳо аз Кореяи Шимолӣ хостааст, озмоишҳои низомиву ҳастаии худро мутаваққиф кунад, аммо Пхенян таъкид дорад, то замоне ки Амрико ва муттаҳидони ин кишвар ба таҳдидҳои худ идома медиҳанд, вай ба тақвияти тавонмандиҳои низомиву тавоноии ҳамлаи пешдастонаи худ идома хоҳад дод.

 

Барчасп