Даъво дар Кохи Сафед бар сари унвони бонуи аввали Амрико
Шабакаи хабарии CNN-и Амрико аз даъвои миёни ҳамсари аввал ва ҳамсари феълии Доналд Трамп бар сари унвони бонуи аввали Амрико хабар дод.
Ба нақл аз CNN, Ивана Трамп, ҳамсари нахусти Доналд Трамп дар мусоҳибае худро бонуи аввали Амрико хонд ва боис шуд, то Мелания Трамп, ҳамсари кунунии Трамп посухи тунде ба ӯ бидиҳад .
Мелания Трамп гуфтааст, ҳамсари нахусти Трамп ба дунболи шулуғкорӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва худситоӣ аст .
Ивана Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи BC News гуфта буд, намехоҳад, ҳасодати ҳамсари феълии раисҷумҳури Амрикоро барангезад, аммо дар воқеъ ӯ бонуи аввали Амрикост на Мелания, зеро ӯ ҳамсари аввали Трамп будааст .
Мудири иртибототи Мелания Трамп низ бо интишори баёнияе дар ин замина, бо киноя задан ба ҳамсари нахусти Трамп навишт: Мелания Трамп қасд дорад, то аз унвону нақши худ барои кумак барои кӯдакон истифода кунад на барои фурӯши китобҳо .
Ивана Трамп, ки 25 соли пеш аз Доналд Трамп ҷудо шуд, ба тозагӣ дар бораи бузург кардани се фарзанде, ки ҳосили ин издивоҷ буд, китобе ба чоп расонда ва барои фурӯши он таблиғ мекунад .
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико токунун се бор издивоҷ карда, ки ҳосили он панҷ фарзанд аст .