Мухолифати шадиди давлати Испания бо эъломи истиқлоли Каталония
(last modified Thu, 12 Oct 2017 10:06:20 GMT )
Октябр 12, 2017 15:06 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати шадиди давлати Испания бо эъломи истиқлоли Каталония

Давлати Испания аз баргузории нишасти фавқуллодае дар вокуниш ба имзои асноди марбут ба истиқлоли Каталония хабар дод.

Сорая Санз, (Soraya Saenz), муовини нахуствазири Испания изҳороти Карлос Пучдемон, (Carles Puigdemont)-ро як зӯргӯии зиндаи телевизионӣ тавсиф ва эълом кард, дар ин нишаст қасд доранд банди 155 –и қонуни асосиро барои чигунагии ҷилавгирӣ аз истиқлоли Каталония баррасӣ кунанд.

Бар асоси ин банд, Испания метавонад ҳаққи худмухтории Каталонияро ба таври комил ба ҳолати таъхир даровардаву идораи онро ба дасти Мадрид бисупорад.

Парлумони Каталония асноди марбут ба истиқлол аз Испанияро имзо карда, вале дар айни ҳол эъломи баёнияи истиқлолро феълан ба ҳолати таълиқ даровард. Карлос Пучдемон рӯзи гузашта дар як суханронӣ бар қонунӣ будани ҳамапурсии аввали октябр таъкид карда гуфт, каталонҳо ҳаққи худашонро барои ташкили як кишвари мустақил ба даст овардаанд, аммо ӯ ибтидо ба дунболи гуфтугӯ бо Мадрид хоҳад буд.

Давлати Испания мегӯяд, ҳар гуна эъломи истиқлоли якҷониба ғайриқонунӣ хоҳад буд ва мутааҳҳид шуд, агар порлумони ин минтақаи худмухтору мураффаҳ дар шимоли шарқии Испания ба ҳаракоташ идома диҳад, барои эҳёи қонуну демократия иқдом хоҳад кард.

Ба эътиқоди нозирони сиёсӣ, Пучдемон талош мекунад бо масъалаи баёнияи эъломи истиқлол аз давлати марказии Испания имтиёз бигирад. Аммо бо тавваҷуҳ ба ин ки Испания аз ҳафдаҳ минтақаи худмухтор ташкил шудааст, давлати марказӣ медонад, ки эътои ҳар гуна имтиёзе ба Каталония метавонад бар манотиқи дигар ҳам таъсиргузор бошад.

Giovanna De Michele, коршиноси венесуэлӣ бар ин бовар аст, ки барои ҳалли ин масъала, Пучдемон ва Мариано Рахой бояд нуқтаи назари муштаракеро биёбанд ва бар асоси он музокироташонро оғоз кунанд. Роҳи дигар чӣ барои Каталония ва чӣ барои Испания танишзову мухотираомез аст. Вай муътақид аст, ки ҳатто имкон дорад бесуботӣ дар Испания ба манотиқи дигари Аврупо низ интиқол ёбад.

Ба ҷуз мухолифатҳои давлати Мадрид, ҷудоиталабони Каталония медонанд дар сурати эъломи истиқлол бо мухолифатҳои шадиди Иттиҳоди Аврупо мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо ба шиддат бо истиқлоли Каталония мухолиф ҳастанд.

Александр Винтерстин, яке аз сухангӯёни Камиссиюни Аврупо бо истиқлоли Каталония, минтақаи худмухтори шимоли шарқи Испания мухолифат кардаву ин ҳамапурсиро “ғайриқонунӣ” номид.

Аз соли 2004 кумитаи иҷроии Иттиҳоди Аврупо муқаррар кардааст, агар яке аз бахшҳои кишварӣ, ки узви Иттиҳоди Аврупо аст, мустақил шавад, ба сурати худкор аз ин иттиҳодия хориҷ хоҳад шуд.

Ба таври куллӣ истиқлоли минтақаи Каталония бо тавваҷуҳ ба мухолифатҳои густардаи дохилӣ ва минтақаӣ баид ба назар мерасад.

Ҳамчунин мухолифати давлати Мадрид бо миёнҷигарӣ амалан ин роҳи ҳалро низ ғайриамалӣ кардаву ин кишварро вориди як буҳрони сиёсии печида хоҳад кард. Зимни ин ки ин масъала метавонад паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бошад.

Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир ҷомеаи Испания ба шиддат хоҳони иттиҳоди ин кишвар ва мухолиф бо ҳар гуна иқдоми ҷудоиталабона ҳастанд ва идеяи истиқлол аз ҳимояти афкори умумӣ низ бархурдор нест.