Август 16, 2016 17:55 Asia/Dushanbe
  • Вокуниш ба ҷиноёти Арабистон ва ҳимоят аз раванди сиёсӣ дар Яман

Дар ҳоле, ки ҷинояти Арабистони Саудӣ алайҳи мадрасае дар шаҳри Ҳайрони устони Саъда, бо вокуниши нисбатан хунсои дабири кулли Созмони милал ва тазоҳуроти мардуми устони Зимор мувоҷеҳ шуд, ташкили Шӯрои олии сиёсӣ ва оғози фаъолияти порлумон низ ҳимояти гурӯҳҳо ва мардуми Яманро ба дунбол доштааст.

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ, рӯзи якшанбе мадрасаи ҳифзи Қуръон дар минтақаи Ҷумъа бин Фозил- дар шаҳри Ҳайрони устони Саъда, дар шимоли Яманро бомбаборон карданд, ки 26 кушта ва захмӣ аз миёни донишомӯзони ин мадраса бар ҷой гузошт.

Дар вокуниш ба ин ҷинояти Саудӣ, Пан Ги Мун- дабири кулли СММ бо судури баёнияе аз сухангӯи худ хост, бо анҷоми таҳқиқоти фаврӣ дар бораи ин ҳодисаи фоҷеъаомез, тадобири зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи бештари нақзи ҳуқуқи башар дар Яман ва ҳимоят аз ғайринизомиён ва зерсохтҳо дар ин кишварро анҷом диҳад.

Дабири кулли Созмони милал бо ишора ба ин ки ғайринизомиён аз ҷумла кӯдакон ҳамчунон бори сангини ҷанг ва амалиёти низомӣ дар Яманро мутаҳаммил ҳастанд, бори дигар таъкид кард, буҳрони Яман роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Вокуниши нисбатан хунсои Пан Ги Мун ба ин ҷинояти Арабистони Саудӣ дар ҳоле аст, ки дабири кулли Созмони милал чанде пеш, пас аз ин ки номи Арабистони Саудиро дар листи ноқизони ҳуқуқи кӯдак дар Яман қарор дода буд, бо фишори саудиҳо ва муттаҳидонаш маҷбур шуд номи Арабистонро хориҷ кунад.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз шаҳрвандони яманӣ дар устони Зимор низ дар эътироз ба ҳамалоти Оли Сауд ба ин кишвар тазоҳурот ва бар муқобила бо таҳоҷуми мутаҷовизони Саудӣ ва ҳамбастагии мардум, то шикасти муздурони Арабистон таъкид карданд.

Аммо мавзӯи муҳим ин аст, ки Малик Салмон- Подшоҳи Арабистон  бидуни тавваҷуҳ ба интиқодҳои густарда аз ҷиноятҳои ин кишвар дар Яман, рӯзи якшанбе пас аз бозгашт аз таътилоти як моҳаи худ аз Мағриб дастур дод, ки ба нерӯҳои артиши ин кишвар, ки дар таҷовуз ба Яман ҳузур фаъол доштанд, муодили як моҳ ҳуқуқ ба унвони подош пардохт шавад.

Ҳимоят аз ташкили Шӯрои олии сиёсӣ ва оғози фаъолияти порлумон бахши муҳими дигаре аз таҳаввулоти Яманро ташкил медиҳад.

Порлумони Яман пас аз яку ним сол таътилӣ, шанбеи гузашта ба даъвати  Ансоруллоҳ ва Конгресси мардумӣ ташкил шуд. Раис ва аъзои Шӯрои олии сиёсии Яман низ рӯзи якшанбе, дар дувумин ҷаласаи порлумон дар баробари намояндагон савганд ёд карданд.

Садҳо нафар аз мардуми Яман низ рӯзи якшанбе, дар ҳимоят аз ташкили Шӯрои сиёсӣ барои идораи умури Яман ва азсаргирии ҷаласоти Маҷлиси намояндагон ва таъйиди ташкили ин шӯро, тазоҳурот баргузор карданд. Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот ба ҳамроҳи мақомоти маҳаллӣ, мудирони дафотири иҷроӣ, намояндагони аҳзоби мухолифи таҷовузи Арабистон ва шахсиятҳои иҷтимоӣ, ташкили Шӯрои олии сиёсиро гоме муҳим дар масири тақвияти ҳамбастагии ҷабҳаи дохилии зидди Арабистони мутаҷовиз ва ҳифзи ваҳдати Яман, амният ва суботи он донистанд.

 

Барчасп