Октябр 14, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши аврупоиён ба суханронии зиддиэронии Доналд Трамп

Кишварҳои Фаронса, Англия, Олмон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва расонаҳои русӣ дар иқдоме фаврӣ ба суханронии зиддиэронии раиси ҷумҳурии Амрико ва Барҷом вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Фаронса, Англия ва Олмон ҷумъашаб дар баёнияе муштарак бар пойбандии худ ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) ва иҷрои комили он аз сӯйи ҳамаи тарафҳо таъкид ва изҳор доштанд, ки ин тавофуқ бо манофеи амнияти миллии онҳо ҳамсӯ аст.

Тереза Мэй, нахуствазири Англия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Эммануел Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса соате пас аз суханронии раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи Эрон, дар баёнияе муштарак ҳимояти худ аз Барҷомро эълом карданд.

Дар ин баёния омадааст, тавофуқи ҳастаӣ нуқтаи авҷи 13 соли дипломатия ва гоме бузург дар тазмини сулҳу амнияти ҷаҳон аст.

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам дар вокуниш ба суханронии Трамп дар бораи Барҷом таъкид кард, Барҷом як тавофуқи дуҷониба нест ва ба ҳеч кишваре тааллуқ надорад ва ҳеч кишваре наметавонад ба он поён бидиҳад.

Вай таъкид кард, Барҷом як тавофуқи чандҷониба аст, ки бо Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният мавриди таъйид қарор гирифт ва тазмин мекунад, ки барномаи ҳастаии Эрон ба таври мунҳасиран барои мақсадҳои сулҳомез аст.

Могерини афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар канори дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ мутааҳҳид ба ҳифзи Барҷом барои манфиати ҳама, аз ҷумла Эрон аст.

Ҳамчунин суханони Доналд Трамп ва такрори иддаоҳои зиддиэронии вай дар бораи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Барҷом дар расонаҳои матраҳи русӣ бозтоб ёфт ва онҳо навиштанд, раиси ҷумҳурии Амрико аз тарки тавофуқ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон худдорӣ кард.

Пас аз ҳафтаҳо ҷанҷоли расонаӣ Кохи Сафед рӯзи ҷумъа гузориши роҳбурди ба истилоҳ ҷомеъ ва ҷадиди раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи Эрон ва тавофуқи ҳастаии Барҷом мунташир карду соате баъд Доналд Трамп дар суханронии худ пардаи дигаре аз таноқузгӯӣ ва нафратпароканӣ алайҳи миллати бузурги Эронро бардошт.

Раиси ҷумҳурии Амрико бо муттаҳам кардани дубораи Эрон ба нақзи рӯҳи Барҷом ва лаффозиҳои асабии худ алайҳи Эрон гуфт, Барҷом бадтарин тавофуқи таърихи Амрико аст ва ҳар замоне лозим бидонад ба ин тавофуқ поён хоҳад дод.

Трамп ҳамчунин аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон хабар дод.

 

 

Барчасп