Октябр 15, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чаҳор террорист дар Маскав ва Доғистони Русия

Кумитаи миллии мубориза бо терроризми Русия рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, чаҳор узви ДИИШ-ро, ки ба думболи иқдоми террористӣ дар минтақае пуриздиҳом дар ҷумҳурии худмухтори Доғистони ин кишвар буданд, дастгир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, ин чаҳор узви ДИИШ рӯзҳои сездаҳум ва чаҳордаҳуми октябр бо ҳамкории Хадамоти амнияти федералӣ ва Вазорати кишвари Русия дар Маскав пойтахти ин кишвар ва Махачқалъа маркази ҷумҳурии худмухтори Доғистон дастгир шуданд. Аз ин афрод маводи тарканда  ёфт ва мусодира  шудааст.

Русия аз миёнаҳои соли 2015 ба дархости расмии давлати Сурия, дар ин кишвар ҳузури низомӣ дошта ва бо истифода аз ягони ҳавофазои худ мавозеи террористҳои ДИИШ ва Ҷабҳатуннсраро бомбаборон ва аз амалиёти заминии низомиёни сурӣ пуштибонӣ мекунад, ки ин амр сабаби таҳдидот ва афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Русия шудааст.

 

Барчасп