Террористи машҳури шимоли Африқо ба эъдом маҳкум шуд
Додгоҳи кайфарии Орани Алҷазоир террористи машҳури шимоли Африқоро ба иттиҳоми таъсису раҳбарии як гурӯҳи террористӣ, одамрабоӣ, қочоқу хариду фурӯши аслиҳа ба таври ғоибона ба эъдом маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мухтор Белмухтор, ки акнун фирорӣ аст, дар соли 2014 ба сурати ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Амрикоиҳо Белмухторро яке аз хатарноктарин террористҳо дар Африқо медонанд ва панҷ миллион доллар ҷоиза барои дастгир кардани ӯ таъйин кардаанд.
Мухтор Белмухтор (мутаваллиди 1972 ) раҳбари гурӯҳи тундрави “Муробитун” ва муттаҳиди шабакаи Ал-Қоида дар шимоли Африқо аст.
Белмухтор дар соли 1991 дар 19 - солагӣ барои ҷанг бо Шӯравӣ ба Афғонистон рафт, ки ба муддати якуним сол он ҷо буд ва дар он ҷо чашми чапи худро аз даст дод.
Вай сипас ба Алҷазоир бозгашту пас аз ҳузур дар ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, вориди шабакаи Ал-Қоида шуд.
Вай дар соли 2012 гурӯҳеро ба номи “Гурӯҳи ниқобдорон” ташкил дод, ки дар январи соли 2013 бо ҳамла ба як маркази газ дар Алҷазоир беш аз 800 нафарро ба гаравгон гирифтанд ва 39 нафар аз гаравгонҳоро қабл аз расидани нерӯҳои амниятӣ куштанд.
Мухтор Белмухтор дар соли 2013 гурӯҳи худро бо Ҷамоати тавҳиду ҷиҳод дар ғарби Африқо идғом кард ва созмони “Муробитун”- ро ташкил дод.
Дар соли 2015 давлати муваққати Либия эълом кард, вай дар асари ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шудааст, аммо баъдҳо ин хабар такзиб шуд.