Суқути ноҳияи Маъруфи Қандаҳори Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24667-Суқути_ноҳияи_Маъруфи_Қандаҳори_Афғонистон
Гурӯҳи Толибон аз тасарруфи мақарри фармондорӣ ва фармондеҳии полиси ноҳияи Маъруф дар вилояти Қандаҳор, ҷануби Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 16, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Суқути ноҳияи Маъруфи Қандаҳори Афғонистон

Гурӯҳи Толибон аз тасарруфи мақарри фармондорӣ ва фармондеҳии полиси ноҳияи Маъруф дар вилояти Қандаҳор, ҷануби Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон эълом кард, нерӯҳои ин гурӯҳ дар ҳамла ба ноҳияи Маъруф дар вилояти Қандаҳор 12 полисро киштанд ва 17 полисро низ ба асорат гирифтанд.

Вай муддаӣ шуд, дар пайи ҳамалоти гурӯҳи Толибон ба маркази шаҳристони Маъруф, нерӯҳои полис аз фармондеҳӣ ва фармондории ин шаҳристон ақибнишинӣ карданд ва таъсисоти давлатиро низ ба оташ кашиданд.

Ҷонон Гулзай, аз аъзои Шӯрои вилоятии Қандаҳор низ таъйид кард, ноҳияи Маъруф дар ин вилоят дар ҳамлаи Толибон суқут кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки полиси вилояти Қандаҳор зимни такзиби суқути ноҳияи Маъруф таъкид кард, нерӯҳои полиси Афғонистон ҳамлаи Толибон ба ин шаҳристонро маҳор ва ононро водор ба ақибнишинӣ кардаанд.