Октябр 16, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо бо мавзӯи Эрон ва Амрико

Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи Эрон ва тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) дар Люксембург оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе бо раёсати Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии ин иттиҳодия дар Люксембург оғоз шуд.

Мавзӯи нишасти Люксембург баррасии тавофуқи ҳастаӣ ва роҳбурди ҷадиди Амрико дар баробари Эрон аст.

 Могерини пеш аз нишасти Люксембург ба хабарнигорон гуфт, аз вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо интизор дорад, ҳимоят ва тааҳҳуди комили Аврупоро дар қиболи иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ба намоиш бигузоранд.

Нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле баргузор мешавад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа бидуни таваҷҷуҳ ба ҳашт гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки дар онон пойбандии Эрон ба Барҷом таъйид шуда, гуфтааст, пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Барҷом таъйид нахоҳад кард.

Суханони Трамп бо эътирози бисёре аз кишварҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва маҳофили сиёсӣ ва расонаҳои ҷаҳон рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп