Вуруди саркардаи ДИИШ ба Афғонистон дар ояндаи наздик
Теъдоде аз намояндагони Маҷлиси Афғонистон ифшо карданд, бастагони Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба Афғонистони омадаанд ва худаш низ то чанд ҳафтаи дигар ба онон мепайвандад.
Ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон, Мавлавии Абдураҳмони Раҳмонӣ, намояндаи вилояти Балхи Афғонистон дар маҷлиси ин кишвар гуфт: Дар ду сафоратхона дар Афғонистон унвон шудааст, ки 26 узви диишӣ, ки аз бастагони Абубакри Бағдодӣ ҳастанд, вориди хоки Афғонистон шудаанд .
Раҳмонӣ афзуд, дар ин сафоратхона ҳамчунин унвон шудааст, таи ду то се ҳафтаи оянда, худи Абубакри Бағдодӣ ҳам вориди Афғонистон мешавад .
Ин узви Маҷлиси Афғонистон таъкид кард, ки раҳбари гурӯҳи ДИИШ зинда аст ва кушта шудани вай шойиае беш нест.
Раҳмонӣ дар идома гуфт, торихи инқизои гурӯҳи Толибон дар Афғонистон фаро расида ва гурӯҳи ДИИШ дар ҳоли густариш дар ин кишвар аст .
Ҳоҷӣ Зоҳир Қадир, намояндаи вилояти Нангарҳор дар Маҷлиси Афғонистон низ бо тайиди ин мавзуъ гуфт: Покистон дар ивази фишорҳои Амрико ба Исломобод, саркардаи Толибонро маъмур кард, то ба нерӯҳои таҳти амраш дастур диҳад, бо ДИИШ дар Афғонистон вориди ҷанг нашаванд .
Қадир бо ишора ба табдил шудани парчами сафеди Толибон ба парчами сиёҳи ДИИШ гуфт, мумкин аст, теъдоди маҳдуде аз аъзои Толибон ба раванди сулҳ бо давлати Афғонистон бипайванданд, аммо қарор аст, 80 дарсади Толибон бо тағйири парчами сафед ба сиёҳ, диишӣ шаванд .
ДИИШ ҳамакнун дар кишварҳои Ироқу Сурия бо шикасти сахте мувоҷеҳ шуда ва аъзои он дар ҳоли фирор ҳастанд, аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки ин террористҳо пас аз фирор аз ин кишварҳо, ба Афғонистон паноҳ биоваранд .