Октябр 19, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Номаи 25 вазири собиқи умури хориҷаи ҷаҳон барои ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ

25 вазири собиқи умури хориҷа аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ирсоли як нома ба аъзои аршади Конгресси Амрико, ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 ё Барҷомро хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин нома, ки дар он номи Мадлен Олбрайт (Madeleine Albright), вазири умури хориҷаи собиқи Амрико низ дида мешавад, хитоб ба қонунгзорони амрикоӣ навишта шудааст: “Ҳифзи пойбандии Амрико ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) бар ӯҳдаи конгресс аст”.

Дар ин нома омадааст: “Бояд аз ҳар иқдоми якҷонибае, ки ба дунболи густариш, тағйир ё музокираи дубора дар бораи мавзӯи Барҷом бошад, худдорӣ кард”.

Нигорандагони нома бо ёдоварии ин ки тамоми тарафҳои Барҷом ғайр аз давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, дигар ҳама тарафҳо, аз ҷумла Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пойбандии Эрон ба Барҷомро таъйид кардаанд, дар бораи табаоти хуруҷи якҷонибаи Вашингтон аз он ҳушдор додаанд.

 Ламберто Дини (Lamberto Dini), вазири хориҷаи собиқи Италия, Амр Мусо (Amr Moussa) аз Миср, Ҳиберт Ведрин (Hubert Védrine ) аз Фаронса, Малкум Рифкинд ( Malcolm Rifkind) аз Британия, Йошка Фишер (Joschka Fischer) аз Олмон, аз дигар дипломатҳое ҳастанд, ки ин номаро имзо кардаанд.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи 13-уми октябри соли 2017 бидуни тавваҷуҳ ба ҳашт гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки дар онон пойбандии Эрон ба Барҷом таъкид шудааст, эълом кард, пойбандии Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро таъйид нахоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон пас аз ин изҳороти Трамп эълом карданд, монанди гузашта аз Барҷом комилан ҳимоят хоҳанд кард.

 

Барчасп