Октябр 19, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти эътирозомез ба фармонҳои муҳоҷиратии Трамп

Муътаризон ба фармонҳои муҳоҷиратии ҷадиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Вашингтон, пойтахти ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, муътаризон эълом карданд, ингуна тасмимҳо мавзеъгирӣ алайҳи мусулмонон аст ва моҳияте табъизомез ва нажодпарастона дорад, ки бо Қонуни асосии Амрико дар таноқуз аст .

Теодор Чуанг, қозии минтақаии Амрико дар иёлоти Мэриленд, фармони муҳоҷиратии ҷадиди Трампро лағв кард .

Ин қозии амрикоӣ дар ҳукми худ эълом кард, ин сиёсати Трамп нақзи қонуни манъи табъиз аст, ки аз вуруди муҳоҷирон бар асоси миллияти онҳо ба Амрико ҷилавгирӣ мекунад .

Дархости Трамп барои маҳдудиятҳои мусофиратӣ бояд ин ҳафта ба марҳалаи иҷро мерасид, аммо рӯзи сешанбеи ин ҳафта низ Дерик Ватсон, қозии федерали Ҳавайӣ ҳукм ба ҷилавгирӣ аз иҷрои ин тасмими Трамп кард .

Трамп 25 сентябри 2017, бо ҳадафи ташдиди сахтгириҳо барои вуруди атбои хориҷӣ ба Амрико, фармони ҷадиде содир кард .

Ин фармони муҳоҷиратии ҷадид, атбои Эрон, Либия, Сурия, Яман, Сомалӣ, Чад ва Кореяи Шимолӣ ва мақомоти давлатии Венесуэларо шомил мешавад .

 

Барчасп