Оғози Конфронси байналмилалии "Халъи силоҳи ҳастаӣ" дар Маскав
Октябр 20, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
Конфронси байналмилалии "Халъи силоҳи ҳастаӣ" бо ҳузури намояндагони 40 кишвари ҷаҳон дар Маскав оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ин конфронс рӯзи ҷумъа бо ҳузури намояндагони олирутбаи сиёсӣ, низомӣ ва коршиносони масоили ҳастаӣ аз 40 кишвари ҷаҳон дар Маскав, пойтахти Русия оғоз шуд. Бар асоси ин гузориш, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба сарпарастии Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва умури байналмилали вазири умури хориҷии Эрон дар ин конфронси байналмилалӣ ширкат мекунад.
Барчасп