Октябр 22, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти  миллати Афғонистон аз мавозеъи Эрон

Раиси ҷабҳаи сулҳ ва созандагии Афғонистон гуфт, мардум ва давлати ин кишвар ҳаммонанди гузашта дар канори миллати Эрон ҳастанд ва аз мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят мекунанд.

Сайид Исҳоқ Дилҷӯ Ҳусайнӣ раиси ҷабҳаи сулҳ ва созандагии Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабарнигори Радиои бурунмарзии Эрон бо ишора ба изҳороти ахири Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико зидди БАРҶОМ ва Эрон афзуд: Афғонистон ва Эрон ду кишвари исломӣ ва бародар ҳастанд ва ҳамвора дар канори ҳамдигар ҳастанд.

Ин коршинос ва фаъоли сиёсии афғон таъкид кард, Амрико мушкилоти зиёдеро барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон эҷод кардааст ва давлати Кобул ба ҳеҷ унвон аз барномаҳои Трамп зидди Эрон ҳимоят намекунад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба илова як (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.

 

Барчасп