Октябр 22, 2017 15:01 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони афғон хостори бекор кардани паймони амниятӣ бо Амрико

Намояндагони маҷлиси миллии Афғонистон, хостори лағви тавофуқномаи амниятии ин кишвар бо Амрико шуданд.

Насруллоҳ Содиқизодаи Нилӣ намояндаи мардуми Дойкандӣ дар маҷлиси милли Афғонистон бо интиқод аз дахолати Амрико дар умури дохилии он кишвар гуфт: Ҳузури низомиён амрикоӣ дар Афғонистон натанҳо кумаке ба таъмини амнияти ин кишвар накардааст, балки Афғонистонро ба майдони рақобати байналмилалӣ табдил кард ва ҷангро бештар дар ин кишвар шӯълавар сохт.

Абдусаттор Хавосӣ намояндаи мардуми Парвон низ бо таъкид бар лағви тавофуқномаи амниятии ин кишвар бо Амрико, мақомҳои ин кишварро ба доман задан ба тафриқаҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Зоҳир Қадир намояндаи мардуми Нангарҳор ҳам бо муттаҳам кардани мақомҳои давлати Афғонистон ба ҳимоят аз гурӯҳи террористи ДИИШ, бар лағви паймони амнияти ин кишвар бо Амрико таъкид кард.

Ҳамчунин Ноҳид Фарид намояндаи мардуми Ҳирот бо ғайриоддӣ хондани нооромиҳои ахир дар устонҳои Пактиё, Қандаҳор ва Ғур, мақомҳои давлати Афғонистонро ба ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар муттаҳам кард.

Аллоҳгул Муҷоҳид намояндаи мардуми Кобул бо таъкид бар лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрико гуфт: То замоне, ки неруҳои низомии Амрико дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд, амният дар ин кишвар таъмин нахоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин ҳам намояндагони маҷлиси милли Афғонистон бар зарурати лағви паймони амниятии ин кишвар бо Амрико таъкид карда буданд.

Намояндагони маҷлиси миллии Афғонистон мӯътақиданд, Амрико қасд дорад тарҳи Толибонро ба ДИИШ табдил ва Афғонистонро ба майдони рақобатҳои худ бо Русия табдил кунад.

 

Барчасп