Омодагии Русия барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24830-Омодагии_Русия_барои_миёнҷигарӣ_миёни_Амрико_ва_Кореяи_Шимолӣ
Вазорати умури хориҷаи Русия аз омодагии ин кишвар барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 22, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ

Вазорати умури хориҷаи Русия аз омодагии ин кишвар барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ хабар дод.

Олег Бурмистров, сафири маъмуриятҳои вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав барои кумак ба равобити миён Вашингтону Пхенян омодагӣ дорад.

Таниши миёни Амрикову Кореяи Шимолӣ бо рӯйкарди ҷангталабонаи Доналд Трамп, беш аз пеш шиддат ёфтааст .

Ҳудуди 28 ҳазор сарбози амрикоӣ ба баҳонаи таҳдид аз ҷониби Кореяи Шимолӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мустақар шудаанд .

Пхенян эълом кардааст то замоне, ки Амрикову муттаҳидонаш ба таҳдидҳояшон зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар ба тақвияти тавонмандиҳои низомӣ ва тавоноии дифои пешдастонаи худ идома хоҳад дод .