Афсари рус чаро ба ДИИШ гаравид?
Як манбаи хабарии Русия далоили гароиши афсари собиқи руси бозгардондашуда ба Тоҷикистон ба ДИИШ-ро ифшо кардааст.
Нашрияи русии Коммерсант чопи Маскав имрӯз навишт: Аз далоили аслии гароиши афсари собиқи рус Денис Хисамов ба ДИИШ, таҳти фишори талабкорон қарор доштани ӯ будааст.
Ба навиштаи Коммерсант, ин матлабро дӯстони Хисамов ба ин нашрия иттилоъ додаанд .
Хабари боздошт ва истирдоди Денис Хисамов, афсари рус аз Туркия ба Тоҷикистон рӯзи 23 октябр расонаӣ шуд .
Гуфта мешавад, Хисамов ба ҳангоми боздошт шиносномаи ҷаълии Тоҷикистонро доштааст .
Денис Хисамов, ки дар гузашта дар сохторҳои низомии Русия фаъолият дошта, дар поёни соли 2014 бо азимат ба Сурия ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастааст .
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом карда, ин афсари собиқи рус дар ҷангҳои Сурия таҳти фармондеҳии ДИИШ ширкат кардааст .
То ҳануз мушаххас нашудааст, ки Денис Хисамов аз чи тариқе шиносномаи ҷаълии Тоҷикистонро ба даст овардааст .