Октябр 28, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Амрико ба мавзеъгирии гузоришгари вижаи Созмони милал зидди режими саҳюнистӣ

Дафтари намояндагии Амрико дар Созмони милал, аз мавзеъгирии гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари ин созмон зидди режими саҳюнистӣ интиқод кард.

Дафтари намояндагии Амрико дар Созмони милал дар баёнияе эълом кард, Амрико аз изҳороти ахири Майкл Линк, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари ин созмон, ки таҳрими иқтисодӣ ва академики Исроилро хостор шуда ва гузорише, ки дар ин маврид ба Маҷмаи умумии Созмони милал ироа карда, ба шиддат нигарон аст .

Дафтари намояндагии Амрико дар Созмони милал ҳамчунин эълом кард, Вашингтон ба ҳимоят аз режими саҳюнистӣ идома медиҳад .

Майкл Линк, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин дар конфронсе хабарӣ дар мақарри Созмони милал гуфт, ишғолгарии Исроил дар сарзаминҳои фаластиниён, тӯлонитарин ишғоли низомӣ дар дунёи модерн аст, ки ҳеч нишонае аз поёни он низ ба чашм намехурад .

Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал, бо ишора ба қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии Созмони милал, ки поёни ишғолгарии режими Исроилро хостор шудаанд, гуфт, 50 сол ишғолгарии сарзаминҳои Фаластин бояд поён ёбад ва Маҷмаи умумӣ бояд дар ин бора аз додгоҳи байналмилалӣ кумак бигирад .

 

Барчасп