Талоши Арги раёсати ҷумҳурии Афғонистон барои канор гузоштани генерал Дустум
Арги раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз талош барои ҷойгузинии шахси ҷадиде ба унвони муовини аввали раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар пайи дидори теъдоде аз сарони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон бо Ашраф Ғанӣ, Арги раёсати ҷумҳурии ин кишвар талошҳояшро барои ҷойгузинии генерал Дустум, муовини аввали раиси ҷумҳур оғоз кардааст.
Бархе аз масъулони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар дидори рӯзи якшанбе бо Ашраф Ғанӣ дар Кобул, иллати ин тасмимро норизоятии онҳо аз генерал Дустум эълом карданд.
Сарони Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар ин дидор ҳамчунин дар бораи саҳми ақвоми турк дар давлати Ваҳдати миллии ин кишвар музокира карданд.
Гуфта мешавад, Абдурашид Дустум пас аз бадрафторӣ бо Аҳмади Эшчи, волии собиқ Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон ба Туркия рафт.
Генерал Дустум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон моҳҳост, ки дар Туркия ҳузур дорад ва далели сафараш дармон эълом шуда буд, аммо бархе манобеъ аз табъиди ғайрирасмии вай ба Туркия ба дастури Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хабар додаанд.