Октябр 30, 2017 18:03 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Покистон ба фурӯши 22 паҳподи пешрафтаи Амрико ба Ҳинд

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Покистон фурӯши 22 паҳподи пешрафтаи Амрико ба Ҳиндро муҷиби ба хатар афтодани сулҳ дар ҷануби Осиё донист.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Нафис Закариё ба дунболи тира шудани равобити Амрикову Покистон гуфт: Исломобод бо ҳаргуна иқдоме, ки суботи стратегӣ дар ҷануби Осиёро мутазалзил кунад, мухолиф аст .

Ӯ афзуд: Ҳаргуна тавофуқи марбут ба паҳподҳои мусаллаҳ бояд бо таваҷҷуҳ ба дастуруламалҳои созмонҳои контроли содироти чандҷониба аз ҷумла Созмони контроли технологии мушакӣ сурат гирад .

Пештар артиши Покистон аз сарнагунии як ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини ҳиндӣ дар минтақаи Кашмир хабар дод .

Фурӯши таҷҳизоти ҷадиди низомии Амрико ба Ҳинд дар ҳолест, ки аҳдофи чандинсолаи Амрико дар минтақа бо нокомӣ рӯ ба рӯ будааст .