Ҳинд: Бо Покистон дар бораи Кашмир музокира намекунем
Ҳинд музокира бо Покистонро дар бораи буҳрони Кашмир рад кард.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи бахши урдӯи Шабакаи Саҳари Эрон, сафири Ҳинд дар Покистон эълом кард, Кашмир мавзӯи дохилии Ҳинд аст ва ин кишвар бо Покистон дар бораи масаълаи дохилии худ музокира намекунад.
Чанд рӯз пеш Эъзоз Аҳмад Чудрӣ, муовини вазорати умури хориҷаи Покистон дар номае ба ҳамтои ҳиндии худ гуфта буд, ки Ҳинд бояд дар бораи буҳрони Кашмир бо Покистон музокира кунад.
Баъд аз кушта шудани фамондеҳи ҳизби ал-Муҷоҳидин дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд, авзои ин минтақа ба шиддат буҳронӣ шудааст.
Дар охирин даргириҳо миёни нерӯҳои амниятии Ҳинд ва мардуми Кашмир, панҷ тани дигар кушта шуданд.
Ба ин тартиб дар ин даргириҳо, ки 38 рӯз идома дошт, то кунун 68 нафар кушта ва садҳо нафар низ захмӣ ва ё боздошт шудаанд.