Ноябр 04, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати бештари мардуми Амрико бо тарҳи андози Трамп

Натиҷаҳои як назарсанҷии нав нишон медиҳад, 60 дарсад аз амрикоиҳо бо тарҳи молиёти(андоз)и раиси ҷумҳури Амрико мухолифанд ва онро ба нафъи сарватмандони ин кишвар медонанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ИРНА, бар асоси натиҷаҳои назарсанҷии муштараки шабакаи телевизионии Эй Би Си ниюс ва рӯзномаи Вашингтон пост, 60 дарсад аз мардуми Амрико бо ин тарҳ мухолифат кардаанд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, дар ҳоле, ки 75 дарсади ҷумҳурихоҳон ва мувофиқон бо сиёсатҳои Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико бо тарҳи молиётии вай мувофиқанд , аммо 79 дарсади демократҳо ва афроде, ки амалкарди Трампро қабул надоранд бо тарҳи молиётии вай мухолифанд.

 Эй Би Си ниюс навишт: Ҷузъиёти тарҳи молиётии Трамп рӯзи панҷшанбе дувуми ноябр мунташир шуд ва вокунишҳо ба он мумкин аст бо огоҳии беҳтар аз бахшҳои мухталифи он тағйир кунад.

 Майк Пенс-муовини раиси ҷумҳури Амрико тарҳи молиётии ҷумҳурихоҳонро азимтарин барномаи молиётии таърихи Амрико дониста ва гуфтааст: Ин тарҳи нав то поёни соли 2017 ниҳоӣ мешавад.

 Кохи Сафед муддаӣ аст,ки тарҳи ҷумҳурихоҳони Амрико дар бораи коҳиши мизони молиёт бар даромади ширкатҳо аз 35 дарсад ба 20 дарсад, ба эҷоди шуғл ва афзоиши дастмузди коргарон мунҷар хоҳад шуд.