Ҳушдори намояндагони Афғонистон зидди шабакаи BBC
(last modified Sun, 05 Nov 2017 08:23:12 GMT )
Ноябр 05, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори намояндагони Афғонистон зидди шабакаи BBC

Намояндагони Маҷлиси милли Афғонистон ҳушдор доданд, дафтарҳои шабакаи BBC (Бӣ Бӣ Сӣ)-и Англияро дар Афғонистон хоҳанд баст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин намояндагон аз иқдоми расонаи англисии BBC бо тағйири унвони расмии ин расона дар Фейсбук аз «BBC Афғонистон» ба «BBC дарӣ» интиқод карданд ва онро дасисаи хатарнок ва ғайри қобили қабул донистанд.

Намояндагони Маҷлиси миллии Афғонистон ҳушдор доданд, дар сурати тадовуми ин гуна аъмол, дафтарҳои онро масдуд хоҳанд кард.

Абдулатиф Пидром аз намояндагони Маҷлиси милли Афғонистон дар ин бора гуфт: BBC бо ҳимояти давлати Англия иқдом ба ин кор кард, ки моҳияти истеъморӣ дорад ва барои забони форсӣ хатарнок аст.

Вай ҳамчунин аз тамомии форсизабонон дар саросари ҷаҳон хост нисбат ба ин амали BBC эътироз кунанд ва нагузоранд ин амали тафриқаафканона идома пайдо кунад.

Ноҳид Фарид узви дигари Маҷлиси Афғонистон низ ин амали BBC-ро истеъморӣ ва тафриқаафканона донист.

Расонаи англисии BBC ба тозагӣ унвони расмии ин расона дар Фейсбукро аз «BBC Афғонистон» ба «BBC дарӣ» тағйир дод, ки бо вокуниш форсизабонон Афғонистон дар маҳофили фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ рӯбарӯ шуд.