Ноябр 06, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи зани Конгресси Амрико дар пиёдаравии Арбаин

Намояндаи зидди ҷанги Конгресси Амрико бо сафар ба кишвари Ироқ, дар маросими пиёдаравии Арбаин ҳузур пайдо кард ва аз Наҷаф бо пои пиёда роҳии Карбало шуд.

Ба гузориши Алъолам, хонуми Синтия МакКинни, ки собиқаи 12 соли ҳузур дар Маҷлиси намояндагони Амрикоро дорад, роҳии маросими Арбаини Ҳусайнӣ шудааст. МакКинни ҳамакнун устоди донишгоҳ дар Бангладеш аст ва ба гуфтаи худаш, аз муддатҳо қабл дар фикри сафар ба Ироқ будааст .

Вай ба ҳамлаи Амрико ба Ироқ ишора мекунад, ки дар он замон намояндаи Маҷлиси иёлотии Ҷорҷия буда ва бар зидди ҳамлаи давлати Буш ба Ироқ суханронӣ кардааст, суханрониҳое, ки гӯё барои ӯ чандон беҳазина ҳам набуд ва аз сӯи ҳамкоронаш, мавриди ҳамалоту интиқодоти бисёре қарор гирифта ва муттаҳам ба хиёнат ба кишвараш шудааст .

Аммо ин интиқодоти ҷангталабон аз мавозеи ӯ, вайро мусаммам кард, то вориди Конгресси Амрико шавад, то битавонад онҷо дар алайҳи тарҳҳои ҷангталабона алайҳи Ироқ ё ҳарҷои дигар дар сатҳи миллӣ мавзеъ бигираду раъй бидиҳад .

Image Caption

Вай ангезааш аз сафар ба Ироқро ин тавр шарҳ дод: “Ман ба унвони як шаҳрванди амрикоӣ, ки нисбат ба сиёсатҳои Амрико [дар Ироқ] эҳсоси масъуляти мекунад ва медонад, ки молиёташ барои ҷангталабии Амрико дар ҷаҳон ҳазина мешавад, ба инҷо омадаам, то Ироқро дар ин бурҳаи замонӣ ва дар остонаи пирӯзӣ [бар терроризм] бубинам. Ҳамчунин  дар бораи имом Ҳусайн ва торих [Ошӯро ва Арбаин] аз ҳамсафарони худ дар ҳоли пурсуҷу ҳастам”.