ДИИШ, масъули ҳамла ба телевизиони “Шамшод”
Ноябр 07, 2017 13:25 Asia/Dushanbe
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба телевизиони маҳаллии “Шамшод”-ро дар Кобул бар уҳда гирифт.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, субҳи имрӯз дар маркази телевизиони маҳаллии “Шамшод” дар Кобул инфиҷор рӯй дод ва ба гуфтаи кормандони ин телевизион, ин инфиҷор ҳамроҳ бо ҳамлаи мусаллаҳона буд. Дар ин ҳамла ду нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд. Шоҳидони айнӣ шумори муҳоҷимонро беш аз ду нафар эълом карданд.
Телевизиони “Шамшод”-и Афғонистон ҳамкори бахши паштуии телевизиони ВВС аст. Соате қабл шабакаи телевизионии "Шамшод" бо аз саргирии пахши барномаҳои оддии худ аз поёни ҳамла ба сохтмони ин шабака хабар дод.