Ноябр 08, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули террори дипломати покистонӣ дар Афғонистон

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар баёнияе масъулияти террори дипломати покистонӣ дар Ҷалолободи Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Найир Иқбол, дипломати покистонӣ, ки дар сарконсулгарии шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳори Афғонистон хидмат мекард, шомгоҳи душанбе, пас аз иқомаи намоз ва дар масири бозгашт ба манзил, аз сӯйи ду марди мусаллаҳи мототсиклсавор мавриди исобати гулӯла қарор гирифт.

Пайкари ин дипломат барои баррасӣ ва муоиноти бештар ба як бемористон дар Ҷалолобод мунтақил шудааст.

Найир Иқбол аҳли Сиёлкути Покистон буд ва дар бахши судури визаи сарконсулгарӣ кор мекард.

Муҳаммад Файсал, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон бо маҳкум кардани террори дипломати худ дар Ҷалолобод, дар баёнияе хостори афзоиши амнияти кормандон ва дипломатҳо дар Афғонистон шуд.

 

Барчасп