Арзиши содироти таслеҳоти Русия ба беш аз 15 миллиард доллар мерасад
(last modified Wed, 08 Nov 2017 09:45:16 GMT )
Ноябр 08, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Арзиши содироти таслеҳоти Русия ба беш аз 15 миллиард доллар мерасад

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, интизор меравад содироти таҷҳизоти низомии ин кишвар дар соли 2017 ба рақами 15. 3 миллиард доллар бирасад.

Ба гузориши хабаргузории Синхуа аз Маскав, Путин ин матлабро дирӯз дар нишасти Камиссиюни ҳамкориҳои низомӣ - фаннии Русия бо давлатҳои хориҷӣ эълом кард.

 Вай бо ишора ба омори марбут ба январ то сентябри имсол, мизони супориш дар умури фанниву низомиро беш аз 45 миллиард доллар эълом карду афзуд, интизор меравад дар чорчӯби барномарезиҳои соли 2017, мизони 15. 3 миллиард доллар аз ин ҳамкориҳои таслеҳотӣ иҷро шавад.

Ба гуфтаи Путин, тайи чанд соли ахир суботи иқтисодиву молӣ ва ҳамчунин тавонмандиҳои фанниву тавлидии ширкатҳои фаъол дар бахши дифоии Русия афзоиш ёфтааст, ки ба афзоиши содирот ва ҳамчунин кайфияти тавлиди таҷҳизоти низомӣ дар ин кишвар кумак мекунад.

 Путин гуфт, Русия дар айни талош барои бархурдорӣ аз мазоёи тавлидоти низомӣ, манофеи худ дар амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаиро авлавиятбандӣ ва шуракои худро низ бо диққату баррасиҳои фаровон интихоб мекунад.