Чиҳил дарсади мардуми Афғонистон гурусна ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25292-Чиҳил_дарсади_мардуми_Афғонистон_гурусна_ҳастанд
Кумитаи баррасии вазъи гуруснагии Афғонистон эълом кард, наздик ба чиҳил дарсади мардуми ин кишвар бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 08, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Чиҳил дарсади мардуми Афғонистон гурусна ҳастанд

Кумитаи баррасии вазъи гуруснагии Афғонистон эълом кард, наздик ба чиҳил дарсади мардуми ин кишвар бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, Ҳидоят Амин Арсало, раиси Кумитаи вижаи баррасии вазъи гуруснагии Афғонистон бо интишори гузорише эълом кард, ин нахустин таҳқиқ дар бораи вазъи ғизоии мардуми Афғонистон аст.

 Вай изҳор дошт, акнун давлати Афғонистон бояд Барномаи миллии маҳви гуруснагиро иҷро кунад то ин кишвар бо Барномаи нобудии гуруснагии Созмони Милал ҳамгом шавад.

Бар асоси Барномаи тавсеаи пойдори Созмони Милали Муттаҳид мушкили гуруснагӣ то соли 2030-и мелодӣ бояд дар ҷаҳон нобуд шавад.

Тибқи эъломи Вазорати беҳдошту дармони Афғонистон, 40 дарсади занони Афғонистон аз камхунӣ ранҷ мебаранд.

Ҳамчунин бар асоси омори расмии давлати Афғонистон ҳудуди 39 дарсади мардуми ин кишвар зери хати фақр қарор доранд.