Ноябр 09, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ифшогари амрикоӣ: Русия дар ҳаки роёнаҳои интихоботии Амрико дахолат надошт

Яке аз ифшогарони Ожонсии амнияти миллии Амрико (NSA) гуфт, ҳеч шоҳиду мустанаде дар бораи дахолати Русия дар ҳаки роёнаҳои Кумитаи миллии демократӣ вуҷуд надорад.

Ба гузориши шабакаи Раша Тудей, Вилям Баттини, ифшогари Ожонсии амнияти миллии Амрико гуфт, пас аз дидор бо Майк Пампо, мудири Ожонсии иттилооти марказии Амрико (CIA), ки барои баррасии таҳлилҳои як муассисаи иттилоотии амрикоӣ тартиб дода шуда буд, мушаххас шуд, ҳаки роёнаҳои Кумитаи миллии демократӣ дар аёми рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2016, ба дасти русҳо ҳак нашудааст .

Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократи ин интихобот ва дигар ҳамҳизбиҳояш муддаӣ шуда буданд, ки Русия роёнаҳои Кумитаи миллии ин ҳизбро ҳак кардааст .

Ба гуфтаи Баттини, муассисаи иттилоотии амрикоӣ, ки масоили марбут ба ҳаки иттилооти Кумитаи миллии демократиро баррасӣ карда, пас аз таҳлили додаҳо ба ин натиҷа расидааст, ки дар ин ҳак русҳо дахолат надоштаанд .

Баттини тасреҳ кард, Ожонсии амнияти миллии (NSA) ва полиси федерали Амрико (FBI) намехоҳанд, мардум ҳақиқатро дар ин бора бидонанд .

 

Барчасп